Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф

Аз 8 июли соли 2019 дар мансаби мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд: 27 апрели соли 1979

Ҷойи таваллуд:  ноҳияи  Балҷувон

Миллат:  тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 2002 Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро (рӯзона),  соли 2007 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро (ғоибона), соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаи ҳуқуқшиносиро  хатм кардааст,

Ихтисос улуми  исломӣ,  ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ: унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикиситон, дар шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ дар мавзӯи «Сарчашмаҳои танзими ҳуқуқии  анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:таҳқиқоти назарияви ва таърихӣ-ҳуқуқӣ», ҳамзамон дар  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳайси ҳамкор дар факултаи сиёсат ва идораи давлатӣ  дар кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул буда, бо медали маърифатпарвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аълочии маориф, илм ва матбуоти Тоҷикистон мебошад.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, арабӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021 №213 бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

 Солҳои 2003-2008- Мутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқии Маркази дастгирӣ ва рӯшди соҳибкорӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2009- Мутахассиси пешбари Кумита оид ба корҳои дини дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Соли 2009 (02-10)- Мутахассиси пешбари шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2009-2010- Сармутахассис-ваколатдор оид ба корҳои дини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон

 

Солҳои 2010-2015- Сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти  Хатлон

 

Солҳои 2015-2018- Сармутахассиси шуъба оид ба корҳои  дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Солҳои 2018-2019- Сармутахассиси шуъбаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Аз  8 июли  соли

2019 то ҳоло-

Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон