Аз 20 декабри соли 2018 дар мансаби мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор мекунад.
Соли таваллуд: 28 декабри соли 1987
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Данғара
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2010 филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро (рӯзона), соли 2018 магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм намудааст.
Ихтисос: омӯзгори фанни забони англисӣ, идоракунии давлатӣ
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2005-2010- | Донишҷӯи филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2008-2010- | Муаллими забони англисӣ дар муассисаи №20-и ноҳияи Данғара |
Солҳои 2010-2012- | Ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ФДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2012-2013- | Мутасаддии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистони фонди Оғохон дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2014-2015- | Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара |
Солҳои 2015-2017- | Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара |
Солҳои 2017-2018- | Магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз соли 2018 (01-12)- | Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара |
Аз 20 декабри соли 2018 то ҳол | Мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон |