Аз 8 июли соли 2019 дар мансаби мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор мекунад.
Соли таваллуд: 8 марти соли 1959
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Кӯшониён
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1983 Институти педагогии давлатии Душанбе (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос: таърих, ҷамъиятшиносӣ
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст: не
Ваъзъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1975-1978 | Коргари хоҷагии Куйбишеви шаҳри Қӯрғонтеппа |
Солҳои 1978-1983 | Донишҷӯи Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе |
Солҳои 1983-1988 | Муаллими мактаби миёнаи №32-и ноҳияи Коммунистӣ |
Солҳои 1988-1989 | Муаллими мактаби миёнаи № 8-и ноҳияи Коммунистӣ |
Солҳои 1989-1995 | Ҷонишини директори мактаби миёнаи № 8-и ноҳияи Коммунистӣ |
Солҳои 1995-1997 | Мудири бахши шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 1997-2000 | Ҷонишини мудири шуъба оид ба масъалаҳои фарҳангӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2000-2006 | Мудири шуъбаи бойгонии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон |
Солҳои 2006-2015 | Мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон |
Солҳои 2015-2017 | Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2017-2019 | Мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Аз 8 июли соли 2019 то ҳоло | Мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон |