Файзуллозода Заробиддин Қудрат

Аз 3 ноябри соли 2020 дар мансаби  муовини  раиси  вилояти

Хатлон кор мекунад

*Соли таваллуд:  13 феврали  соли 1965

*Ҷойи таваллуд:  ноҳияи Фархор

*Миллат: тоҷик

*Таҳсилот:   олӣ, соли 1989 Донишкадаи  политехникии Тошкентро  хатм кардааст

*Ихтисос:  муҳандиси соҳаи кӯҳкорӣ

*Унвони илмӣ:  надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, ӯзбекӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:  не

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:  не

*Вазъи оилавӣ:  оиладор

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Соли 1982 (09-11)- Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тошкент
Солҳои 1983-1985- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС
Солҳои 1985-1989- Донишҷӯи Донишкадаи  политехникии Тошкент
Солҳои 1989-1993- Ёрдамчии пармакун, устои бригадаи нафтчиёни Раёсати баландбардории қабатҳои нафтдор ва таъмири «Тоҷикнафт»-и шаҳри Нижневартовск (бо усули вахтавї)
Солҳои 1993-1994- Сарустои минтақаи сохтмонии №3-и Раёсати сохтмони «Монолит-3» шаҳри Душанбе
Солҳои 1994-1995- Сардори сехи қолибгарии кооперативи истеҳсолии «СМ» назди Заводи КОБ-3 шаҳри Душанбе
Солҳои 1995-1997- Нозири давлатии кӯҳкорӣ-техникӣ оид ба назорат дар муассисаҳои иқтишофи геологӣ ва саноати нафту гази Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1997-2000- Муовини раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2000-2006- Муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2006 (04-12)- Муовини Вазири энергетикаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2013- Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солњои 2013-2014- Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015- Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017- Муовини раиси вилояти Суғд
Солҳои 2017-2019- Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2020- Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 3 ноябри соли 2020 то ҳол Муовини раиси вилояти Хатлон