Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода

 

Аз 3 январи соли 2020 дар мансаби муовини раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд: 6 октябри соли 1973

Ҷойи таваллуд:  ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ, соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст

Ихтисос: филологи тоҷик, иқтисодчӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008), Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст

Кор ва фаъолияти собиқа: 

Солҳои 1995-1996 Муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 1996-1999 Аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 1999-2001 Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
Солҳои 2001-2002 Сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ
Солҳои 2002-2003 Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ
Солҳои 2003-2003 Муовини сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон
Солҳои 2003-2006 Сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Солҳои 2006-2013 Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Солҳои  2014-2016

 

Мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҳамзамон солҳои 2013-2016 Муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон
Солҳои  2016-2020 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия
Аз январи соли 2020 то ҳол Муовини раиси вилояти Хатлон