Аз 3 ноябри соли 2020 дар мансаби муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор мекунад
*Соли таваллуд: 30 майи соли 1967
*Ҷойи таваллуд: ноҳияи Данғара
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ, соли 1991 ва 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст
*Ихтисос: аграном-олим, иқтисодчӣ
*Унвони илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ (бо луғат)
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: соли 2011 бо медали ҷашнии «20–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»
*Вазъи оилавӣ: оиладор
*Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1984-1985- | Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон |
Солҳои 1985-1987- | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ |
Солҳои 1987-1991- | Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон |
Солҳои 1991-1993- | Лаборанти калони Институти илмӣ-тадқиқотии биотехнология, ноҳияи Рӯдакӣ |
Солҳои 1993-1996- | Ассистенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Солҳои 1996-1997- | Аспиранти кафедраи «Физиологияи наботот ва биотехнология»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Солҳои 1997-2001- | Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ», ҷонишини декани факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Солҳои 2001-2004- | Ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2004-2007- | Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таҳсили ғоибона |
Солҳои 2007-2008- | Мудири шуъбаи таҳсили ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Солҳои 2008-2009- | Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таҳсили ғоибона |
Солҳои 2009-2013- | Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таълими |
Солҳои 2013-2020- | Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Соли 2020 (01-11) | Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз 3 ноябри соли 2020 то ҳол | Муовини якуми раиси вилояти Хатлон |