Мирзозода Низом Юсуфӣ

аз 13 январи соли 2020 дар мансаби муовини раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд: 10 майи соли 1962

Ҷойи таваллуд: ноҳияи Муъминобод

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ, соли 1983 Институти политехникии Тоҷикистон (рӯзона), соли 1989 Мактаби олии комсомолии шаҳри Москваро бо дипломи аъло хатм кардааст

Ихтисос: муҳандис-сохтмончӣ, сиёсатшиносӣ

Унвони илмӣ: номзади илмҳои техникӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо ёрии луғат

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, таҳти №245 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст ва бо фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2017, таҳти №68/ф бо нишони соҳавии «Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1984 муҳандиси лабораторияи сохтмонии Ширкати «Кӯлобдеҳотсоз», шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1984-1985 муҳандиси калони Ширкати «Кӯлобдеҳотсоз», шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1985-1987 котиби озоди Комитети комсомолии совхози «60-солагии СССР», ноҳияи Ленинград ноҳияи Муъминобод
Соли 1987 (07-12) сармуҳандиси Штаби отрядҳои сохтмонии донишҷӯён — ҷонишини мудири шуъбаи Комитети комсомолии  вилояти Кӯлоби ЛКСМ Тоҷикистон
Солҳои 1987-1988 мудири шуъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти Комитети вилояти Кӯлоби ЛКСМ Тоҷикистон
Солҳои 1988-1990 мудири шуъбаи масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва   ҷавонони Комитети комсомолии вилояти Хатлони ЛКСМ Тоҷикистон
Солҳои 1990-1991 инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунистии  шаҳри Кӯлоб
Соли 1991 (09-12 ) сардори шуъбаи Иттиҳодияти вилоятии таъмиру сохтмонии вилояти Кӯлоб
Солҳои 1991-1994 сармуҳандиси Иттиҳодияти вилоятии таъмиру сохтмонии вилояти Кӯлоб
Солҳои 1994-1996 сардори идораи «Райселкомхоз»-и  шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1996-1997 сармутахассиси дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1997-1998 сардори Муассисаи корхонаҳои коммуналии                  шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1998-2001 сардори Раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Кӯлоб
Соли 2001 ( 04-10 ) муовини раиси ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2002 сардори Раёсати сохтмони асосии Ҳукумати шаҳри Душанбе
Солҳои 2002-2003 муовини директори генералии корхонаи муштараки Тоҷикистон–Россия «Таджросселмаш», шаҳри Душанбе
Солҳои 2003-2007 сардори Сарраёсати ободонии Ҳукумати шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2008 муовини директори генералии ҶММ «Роҳи тоҷик», шаҳри  Душанбе
Солҳои 2008-2009 сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи бо оби  нӯшокӣ  таъмин  намудани  аҳолии  ноҳияи Мир Саид Алии  Ҳамадонӣ»,  шаҳри  Душанбе
Солҳои 2009-2014 директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015 директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2020 муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Аз 13 январи соли 2020 то ҳол Муовини раиси вилояти Хатлон