Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз

аз 27 январи соли 2020 дар мансаби муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд: 10 январи соли 1959

Ҷойи таваллуд: ноҳияи Кӯшониён

Миллат:  тоҷик

Таҳсилот: олӣ, соли1991 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст

Ихтисос: механикунонидани хоҷагии қишлоқ

Унвони илмӣ: надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1974-1978 Донишҷӯи техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе
Солҳои 1978-1979 Устои дараҷаи 2 дар калонаи сайёри механиконишудаи сохтмонии шаҳри Қӯрғонтеппа
Солҳои 1979-1981 Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1981-1982 Муҳандиси техникии бехтарии калонаи сайёри механиконишудаи сохтмонии шаҳри Қӯрғонтеппа
Солҳои 1982-1985 Назоратчии шуъбаи махсуси муассисаи байнихоҷагии «Заргар»-и ноҳияи Бохтар
Солҳои 1985-1986 Нормировчии хоҷагии ба номи М.Горкий, ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 1986-1988 Муовини котиби Кумитаи комсомоли хоҷагии ба номи М.Горкий, ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 1988-1990 Котиби Кумитаи комсомоли  хоҷагии ба номи Д.Нуриддинови н. Кӯшониён
Солҳои 1990-1994 Муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи хоҷагии ба номи Д.Нуриддинови ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 1994 -1995 Муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи хоҷагии ба номи Д.Нуриддинови ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 1995 -1998 Муовини сармуҳандиси хоҷагии ба номи Д.Нуриддинови ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 1998 -1999 Сармуҳандиси хоҷагии ба номи Д.Нуриддинови ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 1999 -2000 Муовини роҳбари хоҷагии деҳқонии  ба номи Д. Нуриддинови н. Кӯшониён
Солҳои 2000 -2006 Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 2006 -2009 Муовини аввали раиси ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 2009-2013 Раиси ноҳияи Кӯшониён
Солҳои 2013-2014 Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз
Солҳои 2014-2017 Раиси ноҳияи Шаҳритуз
Соли  2017 (05-09)- Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
Солҳои 2017-2020 Раиси  шаҳри Бохтар
Аз январи  соли 2020 то ҳол Муовини якуми раиси вилояти Хатлон