Убайдуллозода Фаррух Сафаралӣ

аз 10 апрели соли 2020 дар мансаби мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд: 27 январи  соли 1992

Ҷойи таваллуд: шаҳри Бохтар

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ, соли 2015 Донишгоҳи политехникии ба номи Харкови Ҷумҳурии Украинаро (рӯзона) ва соли 2018 Донишгоҳи политехникии ба номи Харкови Ҷумҳурии Украинаро (ғоибона) хатм кардааст ва донишҷӯи курси 4-уми  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад

Ихтисос: технологияи энергетикӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, таърих ва ҳуқуқ

Унвони илмӣ: надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ ва англисӣ

Вакили  Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Соли 2010 (06-08)- барқкори таҷрибаомӯзи гурӯҳи 1 ба гурӯҳи з/и шаҳри Қӯрғонтеппа
Соли 2011(05-11) барқкори гурӯҳи 2 ба з/и «Қӯрғонтеппа»
Соли 2012(05-09) барқкори гурӯҳи 3 ба шабакаҳои барқии ноҳияи Бохтар
Соли 2013(06-11) барқкори гурӯҳи 3 ба з/и «Қӯрғонтеппа»
Солҳои 2014-2015 барқкори гурӯҳи 4 ба шабакаҳои барқии ноҳияи Бохтар
Солҳои 2015-2017 Мутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Солҳои 2017-2019 Ёрдамчии раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2019-2020 Мутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Аз 10 апрели  соли 2020 то ҳол Мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон