Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода
– доктори илмҳои сиёсӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъ. V), дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника
Миралиён Қиёмиддин 6 сентябри соли 1977 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлони дар оилаи коргар ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик.
Қиёмиддин Миралиён таҳсилро аз мактаби ибтидоии №49 соли 1983 оғоз намуда, маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби миёнаи №1 н. Вахш солҳои 1986-1994 аз худ мекунад. Ҳангоми таҳсил аз қатори таълимгирандагони фаъол буда, ба фанҳои математика, химия, биология ва мантиқ шавқу рағбати зиёд пайдо мекунад.
Қиёмиддин Миралиён соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар (Қурғонтеппа) ба номи Носири Хусрав ба факултаи математика дохил шуда, онро соли 1999 бо ихтисоси «Математик»-омӯзгор хатм менамояд.
Дар давоми таҳсил Қиёмиддин Миралиён яке аз донишҷӯёни фаъол буда, дар ҳама чорабиниҳои ташкиливу амалӣ ва фарҳангиву оммавӣ иштирок кардааст. Дар давоми донишҷӯӣ бо дарназардошти фаъолнокӣ / аълохонӣ ба сифати аъзои Шӯрои олимони Донишгоҳ ва шунавандаи мактаби математикони факулта интихоб гардидааст.
Баъди хатми Донишгоҳ бо дарназардошти муваффақиятҳои бадастоварда, фаъолнокӣ, аълохонӣ ва қобилиятнокӣ Қиёмиддин Миралиён дар факултаи математика ба ҳайси омӯзгор таъин гардида, баъди се моҳи фаъолият ба мансаби мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ интихоб мегардад. Фаъолияти касбии сиёсии Қиёмиддин Миралиён аз ҳамин лаҳза оғоз мегардад. Дар Донишгоҳ дар ҳамин мансаб, ҳамзамон омӯзгори фанни геметрияи тасвирӣ (ба сифати ҳамкор) давоми ду сол (солҳои 1999-2001) фаъолият менамояд. Дар ин муддат таъсиси Маркази ҷавонони Донишгоҳ, Маҳфили волонтёрон «Фидоиёни ҷавон», ташкили тими ҳозирҷавобон (КВН) «Леваканд» ва қабули Барномаи рушди ҷавонон Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппаро ташаббус мекунад.
Соли 2001 бо дарназардошти дастовардҳои муносиб дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон Қиёмиддин Миралиён ба вазифаи сармутахассиси Шӯъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) даъват / таъин мегардад. Зимнан, бинобар саҳми шоиста ва фаъолнокӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон моҳи ноябри ҳамин сол ба шаҳри Душанбе ба вазифаи мутахассиси Идораи сиёсати иҷтимоии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват / таъин мегардад.
Дар баробари ин, дар ҳамин сол (2001) ба Шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар бахши сиёсатшиносӣ дохил шуда, ба таҳқиқи илмии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон машғул мегардад. Рисолаи номазидашро дар мавзӯи «Ҳолат ва пешомадҳои ташкилотҳои ҷавонон дар Тоҷикистони муосир» 19 майи соли 2007 ҳимоя менамояд.
Соли 2002 ба зинаи роҳбарикунанда – ба мансаби Директори Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон таъин мегардад. Дар ин вазифа ба корҳои таҳлилу иттилоотӣ, оморӣ, мониторинг ва лоиҳасозии соҳаи кор бо ҷавонон машғул гардида, ба дастовардҳои зиёде, аз қабили ташкили омори сиёсати давлатии ҷавонон, таъсиси марказҳои ҷавонон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ва ғайра ноил мегардад.
Ҳамин тариқ, бо дарназардошти дастовардҳо ва салоҳиятнокӣ, аз ҷумла кордонӣ, фаъолнокӣ ва қобилиятнокӣ мунтазам дар мансабҳо боло меравад: солҳои 2006-2007 дар мансаби сардори Идораи робитаҳои хориҷии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2012 дар мансаби мудири Шӯъбаи сиёсати иҷтимоӣ ва солҳои 2012-2014 дар мансаби муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони ҳамин Кумита фаъолият менамояд.
Соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.07.2014, №275 Қиёмиддин Миралиён ба мансаби муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.
Аз 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, аз рӯйхати Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон, Қиёмиддин Миралиён ба мансаби олии сиёсӣ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати панҷум) интихоб мегардад.
Ҳамзамон (2015–2020) дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳамкор – дотсенти кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ (омӯзгор аз фанни Сотсиологияи идоракунӣ) фаъолият менамояд.
Солҳои 2020 ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб мегардад ва дар ин мансаб то январи 2023 фаъолият мекунад. Дар давоми роҳбарӣ ба якчанд дастовардҳои аҳамиятнок ноил мегардад, аз ҷумла рейтинги ҳизбӣ, ки моҳи сентябри соли 2022 ба сифати таҷрибаи беҳтарин эътироф гардида, барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ тасдиқ мегардад, ҳамчунин Мактаби сиёсии Пешвои миллат, идоракунии электронӣ, 28 ташаббусҳои ҳизбӣ ва ғайра.
Ҳамзамон (2020 инҷониб) дар Донишкадаи давлати Бохтар ба сифати ҳамкор – профессори кафедраи сиёсатшиносӣ фаъолият менамояд.
Қиёмиддин Миралиён тадқиқоти илмиро дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тақвият бахшида, дар давоми панҷ сол (2013-2018) рисолаи докториро бо назардошти натиҷаҳои илмии назариявию методологӣ омода месозад. Рисолаи докториро дар мавзӯи «Хусусиятҳо ва технологияҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 июли соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамояд.
Ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз октябри соли 2001 аъзо мебошад.
Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд (чор писар, як духтар). Фарзандон дар муассисаҳои таълимии муносиб таҳсил мекунанд.