Аз 16 сентябри соли 2019 дар мансаби мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор мекунад
Соли таваллуд: 16 марти соли 1984
Ҷойи таваллуд: шаҳри Бохтар
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2006 факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона, бо дипломи аъло) хатм кардааст
Ихтисос: журналист
Унвони илмӣ: номзади илмҳои филология
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Мукофотҳои соҳавӣ: Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, лауреати Ҷоизаи умумиҷумҳуриявии ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Нерӯи сухан-2017», медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик», Ифтихорномаи МИҲД вилояти Хатлон, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2001-2006 — | Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2001-2002 — | Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №59-и шаҳри Душанбе |
Солҳои 2002-2004 — | Котиби масъули рӯзномаи «Қалам» — нашрияи факултаи журналистикаи ДМТ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Солҳои 2004-2005 — | Муовини директори бахши хабарӣ, директори бахши хабарии «Русское радио — Ориёно», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006-2008 — | Мухбир-ҳамкори ширкати ТВ ва радиои мустақили «Қӯрғонтеппа», хабарнигор-ҳамкори РАО/РО дар шаҳри Бохтар |
Солҳои 2008-2010 — | Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳамрози халқ» — нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон |
Солҳои 2011-2015 — | Мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори оммаи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» |
Аз соли 2013 то ҳоло — | Омӯзгор-ҳамкори кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
Солҳои 2015-2019 — | Муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» |