Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович

Аз 10 январи соли 2020 дар мансаби муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд: 18 апрели соли 1980

Ҷойи таваллуд: вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат: тоҷик

Маълумот: олӣ, соли 2001 филиали Хуҷанди донишгоҳи технологии Тоҷикистонро (рӯзона)  хатм кардааст

Ихтисос:  иқтисодиёти ҷаҳонӣ

Унвони илмӣ: надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ ва англисӣ

Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст: не

Вазъи оилавӣ:  оиладор

                                     Кор ва фаъолияти собиқа: 

Аз соли 2002 (03-04) Мутахассиси дараҷаи 1-ми  шуъбаи иқтисод ва ислоҳоти иқтисодии идораи кишоварзии вилояти Суғд
Солҳои 2002-2003- Мудири қабулгоҳи идораи кишоварзии вилояти Суғд
Аз соли 2003 (03-04) Сармутахассиси шуъбаи коркарди пахта ва маҳсулоти кишоварзи оиди соҳаҳои саноатии идораи кишоварзии вилояти Суғд
Солҳои 2004-2010- Сармутахассиси шуъбаи иқтисодии идораи кишоварзии вилояти Суғд
Соли 2010 (03-06) Мудири бахши молия ва муҳосиботи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
Соли 2010 (06-07) Иҷрокунандаи сардори шуъбаи иқтисодӣ ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
Солҳои 2010-2013- Сардори шуъбаи иқтисодӣ ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
Солҳои 2013-2015- Мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Солҳои 2015-2016- Директори  муассисаи давлатии  «Боғи миллии Ваҳдат»
Соли 2016 (06-10) Сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Б.Ғафуров
Соли 2016 (11-12) Сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
Солҳои 2016-2018- Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва машваратии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
Солҳои 2018-2019- Муовини сардори Сарраёсати  кишоварзии вилояти Суғд
Солҳои 2019-2020 Ёрдамчии  раиси вилояти Хатлон
Аз январи соли 2020 то ҳол Муовини  роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон