28  апрели соли ҷорӣ дар доираи сафари кори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Ислом Маркази хазматрасонии Зебуниссо дар деҳаи Маликова, Ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Самиев Фаррух  дар зарфи як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти мазкур аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои ҳамом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад. Дар таҳхона сартарошхона, ҳамоми замонавӣ, дорухона ва сехи дӯзандаги ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии мазкур мағозаи фурӯши маҳсулоти хурока ҷойгир карда шудааст. Бо бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва ҳусни деҳаи Маликова зебогии бештарро касб намуд.