Дар ноҳияи Данғара бо иштироки меҳмонон бунгоҳи тиббии деҳаи Боғпарвари Ҷамоати деҳоти Сафобахш, ки барои хизматрасонии мардуми ин деҳа бунёд ёфтааст, дар доираи сафари кории Сарвари мамлакат мавриди ифтитоҳ қарор ёфт.
Бунгоҳи тиббии деҳаи Боғпарвар дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда, ба 2 ҳазору 468 нафар аҳолии деҳаи Боғпарвар, хизмат мерасонад.
Бунгоҳи тибби бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Чориқулов Қиёмиддин бунёд шуда, аз 5 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.
Аз рӯи лоиҳа дар Бунгоҳи тибби ҳуҷраи бақайдгирӣ, ҳуҷраи қабули беморон, ҳуҷраи момодоя, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз мебошанд.
Масоҳати умумии замини Бунгоҳи тибби 0,10 сотихро ташкил дода, бино дар масоҳати 00,06 сотих сохта шуда, аз рӯи тарҳ роҳравҳои атрофи он сафолакпӯш карда шуда бо ниҳолҳои хамешасабзу сояафкан оро дода шудааст.
Дар ҳамин замина дар Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара 2 ҳавзи моҳипарварии Кооперативи истеҳсолии “Каёнуш” бо иштироки меҳмонон мавриди ифтитоҳ қарор ёфта, дар он панҷ намуди моҳиҳо аз қабили намуди моҳии белиамур, сазан, карп ва дигар намуди моҳиҳо парвариш карда шуда истодааст. Моҳипарварон иқдом доранд, ки дар оянда ҳавзҳои моҳиро дар майдони 20 гектар афзоиш диҳанд.