Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Балҷувон Корхонаи коркади гиёҳҳои шифобахш, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни дар пешистода аз тарафи шаҳрванд Ризоева Гулнора сохта шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, ки ба ҳусни ноҳия зебогӣ заъм мекунад. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур наздики 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Мақсади асосии корхонаи мазкур пеш аз ҳама ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши дар ноҳия мавҷудбуда, ба ҳисоб меравад.
Дар ҳаминҷо Сарвазири мамлакат бо сокинони ҷамъомадаи ноҳия суҳбату мулоқот намуда, таъкид намуд, ки барои ободии ҳар як гӯшаи диёр дар доираи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кошонаи худ сар карда баҳри пешрафти мамлакат ва зебо гардонидани ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Инчунин Сарвазири мамлакат аз авзои ҷаҳонӣ ёдовар шуда, зимни мулокот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои сафардоштааш даъват ба амал овард, ки барои самаранок ва истифодаи дурусти ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани се чор ҳосил дар як сол бештар заҳмат кашида барои ояндаи хеш хӯрока аз қабили донагиҳо захира намоянд.