Дар идомаи сафари корӣ бо ташрифи Сарвазири мамлакат ва гурӯҳи ҳамроҳонаш дар деҳаи Боғгаӣ бинои нави Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар назди иштирокдорони маросими ифтитоҳи бинои ҷамоат суханронӣ намуда, дар бораи пешрафт дар соҳаҳои мухталифи ҳукумати ҷумҳурӣ дар давраи 30-соли Истиқлоляти давлатӣ, ки зери сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст, қайдҳо намуд.
Тибқи маълумот дар тобеи ҷамоати мазкур 1435 хоҷагӣ, 15 деҳа ва 14000 аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.
Бинои навсохташуда аз 2 (ду) ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум 4 утоқи корӣ, як толори маҷлисгоҳ ва ошёнаи дуюм аз 8 утоқи корӣ иборат мебошад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин гардида, бо музди меҳнати хуб таъмин гардиданд.
Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд гардида, дар он барои кормандон шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.