Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳои меъёри ҷавобгӯй набударо, несту нобуд кард.

Чуноне аз маркази матбуотии сарраёсати номбурда хабар доданд аз моҳи январ то санаи 21 –феврали соли ҷорӣ 2 ҳазору 850 кг ё 179 номгӯй маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда аз муомилот гирифта шуд. Аз 31 номгӯ дар асоси аризаҳои муроҷиатии 4 муассисаи фармасевтӣ, 23 номгӯй беморхонаи дӯстии “Тоҷикистону Ҳиндустон” ва 125 номгӯй дар рафти санҷишҳои гузаронида шуда аз муомилот боз пас гирифта шудаанд. Маблағи умумии ин маводҳо 134 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад.

Маводҳои номбаршуда дар асоси қарори сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботи мутахассисони сарраёсат тибқи 64 қарор, супоришнома ва фармоиш фаъолияти 48 муассисаи фармасевтӣ, тибқи 7 қарор, фармоиш фаъолияти 7 муассисаҳои табобатию профилактикиро мавриди санҷиш қарор доданд. Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронида шуда нисбати 24 нафар шахсони масъул парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб доданд, маблағи ҷаримаи онҳо 59 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмиоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон соли 2018 6 ҳазору 792 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набударо тариқи сӯзонидан несту нобуд кард.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол сатҳи масъулиятшиносии соҳибкорону ширкатҳои фармасевтӣ баланд шуда истодааст ва маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиение, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст дар асосои санад барои безарар несту нобуд кардан ба Сарраёсати мазкур оварда месупоранд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here