Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри миллат ба аъзоёни Ҳукумат,  раисони вилоятҳо ва дигар идораву ташкилоту муассисаҳои давлатӣ баён доштанд, машварати корӣ доир гардид.

Дар машварати корӣ муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, ташкилоту муассисаҳои вилояти, минтақавӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаи иҷтимоиёт, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси вилоят дар ҷаласаи корияш дастуру супоришҳои Сарвари мамлакатро оид ба масъалаҳои муҳимму рӯзмарра ҷӣҳати таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқу гармӣ ва маводи ғизоӣ, вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва тайёрӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатӣ, расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва дар маҷмӯъ, андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва назорати нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ба аҳли нишасти толор расонид.

Ҳамзамон оид ба ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки нерӯи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ    дар  шаҳру ноҳияҳо, ҷамоъату шаҳраку деҳот аз ҳисоби фаъолон аз ҷумла раисони шаҳру ноҳия, мутахассисони соҳаи барқ, олимону шоирон, ҷавонон, занон, ходимони дин гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, муҳтавои сарфакорона ва истифодаи дурусти барқ ба аҳолӣ фаҳмонида шавад.