Чанде пеш дар Маркази дастгирии бонувони шаҳр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва як қатор бахшу ниҳодҳои дигар дар мавзӯи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта” аз тарафи Филиали ташкилоти ғайритиҷоратии байналмиллалии “Save the Children International” бо ҷалби як қатор сокинони шаҳр ва толибилмону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр семинар-машварат доир гардид.
Дар ин семинар-машварат Мирзо Азизов, котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, намояндагон аз бахшҳои кор бо занон ва оила, хифзи иҷтимоии аҳолӣ, САҲШ, маориф, агентии шуғл ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, масъули кор бо ноболиғони ШВКД, намояндаи мизи шиносномадиҳии ШВКД, Маркази хизматрасонӣ дар хона, соҳаи тандурустӣ ва масъулони маркази мазкур ищтирок намуда аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратҳои намояндагони ин ташкилот маълумоти зарурӣ ба даст оварданд.
Ташкилкунандагон мақсади баргузории машваратро дар устувор намудни механизми равонасозӣ ва таҳлили мунтазами уҳдадориҳо, равона намудани оилаҳо ва кӯдакони осебпазири муҳоҷирони мехнатӣ ба хизматрасониҳои равонию ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар навъи хизматрасониҳо, мустаҳкам намудани ҳамкории самаранок байни ташкилоту муассисаҳо ва лоиҳаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта” дар шаҳри Левакант ва ғайра маънидод карданд.