Рӯзи 9 июни соли 2018 ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӯ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди 28 майдонҳо, гулгашту хиёбонҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо давомнокии аз 20 то 30 дақиқа баргузор карда шуданд.

  Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар умум 5700 нафар шаҳрвандон, аз ин шумора 1210 нафар бонувон, аз шумораи умумӣ 1990 нафар дастпарварони мактабҳои варзишӣ, 1850  нафар сокинону ҷавонон ва 1860 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here