Имрӯз, 3 октябр, дар шаҳри Бохтар маросими тантанавии гусели даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид.
Наздик ба 1000 нафар ҷавонони бонангу номуси Хатлонзамин, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ довталабона ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон пайвастанд, аз назди Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоии идона карданд.
Пас аз ифтитоҳи ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ироаи сухани табрикии худ ба ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлони бостонӣ, ки аввалин шуда барои адои хизмати низомӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсан хонд.
Дар чашми ҳамаи ин ҷавонони баҳодур ҳисси эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардид.
— Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, шумо – даъватшавандагон, яъне дар оянда хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург хоҳед дошт, — зикр намуд Қ. Ҳакимзода. — Артиши мо аз оғози таъсиёбиаш то имрӯз нақши кафили амнияти кишвар ва рукни муҳими давлатдорӣ будани худро сарбаландона адо менамояд.
Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони пуртазоди охири асри ХХ, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давраи ҳассос рост омад, ҳарчанд барои мардуми тоҷик бисёр душвор буд, вале Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон ва суннатҳои давлатдории миллатамон роҳу равиши хосаи худро дарёфт ва имрӯз ба сӯйи ҳадафи бузурги интихобкардаамон — эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дилпурона пеш меравем.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид қайд намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегирад. Вақте ки мо дар боби ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварро дар назар дорем».
Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегардад. Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, дар равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳим фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошад.
Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2019, №1353 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниеро таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» бо иштироки ҷавонони даъватшуда баргузор намояд.
Хушбахтона, ҳамасола дар вилоят нақшаи даъвати баҳорию тирамоҳӣ аз тарафи комиссияҳои даъватӣ босифат ва саривақт анҷом дода мешавад.
— Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад, — идома дод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Барои таҳкими нерӯи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳадоти давлатӣ мо на танҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, балки ба сарбозони бомаърифату шуҷоатманд, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил ба хизмати ҳарбӣ омода эҳтиёҷ дорем.
Қобили зикр аст, ки тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар ин замина қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 апрели соли 2018, №101 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2022» мавриди амал қарор дорад.
Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 164 чорабинии гуногуни варзишию фарҳангӣ, вохӯриву мулоқотҳо бо ҷавонон ва сарбозон дар қисмҳои низомии қаламрави вилоят шомилбуда баргузор гардидааст.
Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ — пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон аст. Барои ҳамин, ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳои мавҷуда, тинҷию оромӣ ва шукуфонии мамлакат расанд.
Пас аз сухани табрикии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода маросими тақдими ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба даъватшавандаҳо, инчунин супоридани рӯймолчаҳо ва “нонгазон” сурат гирифт.
Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ансамбли рақсии “Ситора”, ва овозхонони шинохта бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” барномаи зебои театрикунонидашударо пешниҳоди аҳли ҳамоиш намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон