Имрӯз, 2 апрел, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маросими “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд.
Гусели даъватшавандагон ба Артиши миллӣ бо роҳпаймоии ҷавонони вилоят оғоз гардида, маросими тантанавӣ дар майдони варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими сафарбаркунии гурӯҳи 1200-нафараи даъватшавандагони даъвати баҳории соли 2021 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падарону модарон ва даъватшавандагон изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро самимона табрику муборакбод гуфт.
Қайд гардид, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Барои таҳкими неруи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳадоти давлатӣ мо на танҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, балки ба сарбозони бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил хизмати ҳарбиро ихтиёркарда эҳтиёҷ дорем.
— Шумо, ҷавонони азиз, давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагон, ворисони асили сарзамини аждодӣ ва пайравони Пешвои муаззами миллатед, ки имрӯз бо ифтихор барои иҷрои масъулияти фарзандии худ дар назди халқу Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар мешавед ва боварӣ дорам, ки ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мегардед, — изҳор дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Имрӯз бо ифтихори баланд метавонем аз аскарбачаҳои фаъоле ном барем, ки дар даъвати тирамоҳӣ сарбаландона ва ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд ва имрӯз далерона хизмати сарбозиро адо мекунанд. Махсусан, Абдураҳимов Сомон Раҳимович аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Нишонов Фаррух Фозилович аз ноҳияи Носири Хусрав, Саломзода Мақсуд, Валиев Кароматулло ва Валиев Азизулло Раҳматуллоевич — ду бародар аз шаҳри Бохтар барои дигар ҷавонон намунаи ибрат мебошанд. Аҳсан ба Шумо – ҷавонони қавирӯҳ ва матиниродаи тоҷик!
Зимни суханронии раиси вилоят зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо барои ихтисосманд намудани даъватшавандагон ба маблағи 1 миллиону 322 ҳазору 780 сомонӣ даъватшавандагонро дар курсҳои ронандагӣ омода намуда истодааст.
Ҳамзамон аз ҳисоби “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” 205 нафар даъватшаванда дар курсҳои кӯтоҳмуддати кафшергарӣ, ошпазӣ, барқчӣ, сартарошӣ, компютерӣ ва сантехникӣ омода карда шудаанд.
Ҳамасола даъвати даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланд таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” дар ду мавсим — баҳорӣ ва тирамоҳӣ ташкилу баргузор карда мешавад. Имрӯз ҷавонони бо нангу номуси вилоят барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар-Ватан дар ин тадбир бо ҳам омада, баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат бастаанд.
Қобили зикри хос аст, ки дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани фаъолият, масъулони шаҳру ноҳияҳои Норак, Шамсиддини Шоҳин ва Носири Хусрав нақшаи даъватро дар даъвати баҳории соли 2020 дар рӯзи аввал иҷро намуданд. Дар даъвати тирамоҳии соли 2020 бошад, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Носири Хусрав дар рӯзи аввал аз иҷрои нақшаи даъват мужда доданд.
— Бо бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои муҳимро рӯйи даст гирифта, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва варзиширо дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби масъулини соҳаҳои дахлдор вусъат бахшида истодааст, — қайд намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Натиҷаи ин буд, ки шумораи ихтиёриён барои адои хизмати Модар-Ватан афзоиш ёфта, то ба имрӯз зиёда аз 80 фоизи нақшаи даъват аз ҳисоби ихтиёриён омода шудааст.
Чанде пеш бо мақсади ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардид ва ба як қатор қонунҳои соҳавӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.
Ин дастури Пешвои муаззами миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди амал татбиқ гардида истодааст. Бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро аз ин мактаб омӯзанд, зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва далерӣ ба ҳисоб меравад.
Қурбон Ҳакимзода инчунин таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ифтихор аз он дорад, ки имрӯз ҷавонони ғаюру шуҷои диёр баҳри ҳимояи марзу буми Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионӣ, таъмини шароити мусоид барои амалишавии ҳадафҳои бузурги давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри дил ва бо ҳидояту дуои неки волидон ва ҳамдиёрон ба комиссариати ҳарбӣ омада, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва адои қарзи шаҳрвандиро пешаи худ кардаанд.
Дар ин масир ба ҳамаи онҳо дар адои ин рисолати пуршараф саломатӣ, хушбахтӣ, ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат таманно намуд.
Пасон, аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба ҳамаи даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маросими суннатии “кулчагазон”, суруду таронаҳои шӯху ҷаззоб идомабахши чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” буд.
Қобили зикр аст, ки комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувони вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба Қувваҳои МУсаллаҳи мамлакат мужда додаанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон