Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърих огоҳ аст, ки дар тамаддуни башар сиёсатмадорони барҷаста барои рушду пешрафти давлату миллат корҳои неку шоистаро дар саҳифаҳои китобҳои хотирмон ҳаккокӣ намудаанд.

Бахусус, халқи тоҷик агарчи дар тӯли ҳастияш борҳо ба номеҳрубониҳои даҳр рӯ ба рӯ омадааст, вале фарзандони бо нангу номус ва сарсупурдааш нагузоштаанд, ки ин миллати шуҷову далер бо тамаддуну адабиёти ғании хеш аз хотираҳои таърих зудуда гардад. Зеро миллате, ки ба ҷаҳон тамаддун ва нахусткитоби хешро пешниҳод намуд ва он донишу заковат боиси рушд ва пешрафти ҷаҳониён гардид, ҳуқуқ надошт, ки аз раванди зиндагонӣ қафо монад.

Ҳанӯз шоҳони Каёнӣ аз Каюмарс то Кайхусрав бо тозакориҳо ва иродаи қавӣ дар ҳама ҷабҳаҳои корзор аз худ дарак додаанд. Сифати шоҳони Каёнӣ дар шоҳасар — «Шоҳнома» бо қалами Ҳакими Тӯсӣ, ки дар ҷаҳон беназир аст, таваҷҷуҳи тамоми сиёсатмадорони оламро ба худ ҷалб кардааст. Аз ин хотир, халқи тоҷик бо чунин роҳнамоиҳо ҳеҷ гоҳ завол наёфта, мақому манзалати худро нигоҳ медорад.

Дар даврони Шӯравӣ агарчи маҳдудиятҳои ҷузъӣ вуҷуд доштанд, вале миллати тоҷик бо номи Тоҷикистон соҳибдавлат шуд ва шуҳрати худро аз даст надод, зеро хазинаи асосии он фарзандони бо фарҳангу донишмандаш буд.

Дар охири асри ХХ тундбоди рашку кин ба сари халқи тоҷик рехт ва дар ин  сангар барои баҳамоӣ, сарҷамъӣ, сулҳу ваҳдат шахсияте лозим буд, ки хирад, заковат, андешаи бикрро раҳнамоӣ намояд.

Иҷлосияи таърихӣ, ҷаласаи қисмат, дар амнтарин минтақаи ҷумҳурӣ – Суғди бостонӣ ба ин асос гузошта,  вакилони мардумиро сарҷамъ намуд. Дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки ҳар нафас фазои сиёсӣ дигаргун мешуд, вакилон ба хулосае омаданд, ки маҳз дар ҳамин марҳилаи тақдирсози давлатсозӣ намояндаи мардумиро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни халқ интихоб намоянд.

Дар ҳақиқат, он лаҳзаҳои таърихии тақдирсозро на танҳо вакилон, балки кулли мардуми Тоҷикистон ва дӯстдорони ин марзу бум роҳбару роҳнамоӣ худро интизор буданд ва бо пешниҳоди вакилони халқ ҷавонмарде ба рӯйи минбар омад, ки халқи азизи Тоҷикистон як чеҳраи сиёсӣ, роҳбари оқилу доно,  сиёсатмадори қавирӯҳ ва ояндаи дурахшони кишварро дар симои ӯ пайдо карданд. Ин ҷавонмарди шуҷову далер замоне зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки Тоҷикистон оғуштаи нобасомониҳо буд ва ноумедӣ мардумро фаро гирифта буд.

Раиси Шӯрои Олии онвақта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст суханро аз сулҳу амонӣ, суботи ҷовидона, беҳшудани зиндагӣ, ба ҳамоиву иттифоқ оғоз намуда, иброз доштанд, ки «…Ман ба Шумо сулҳ меорам…» ва ин вожаи малакутӣ ҳамчун давопанде ба гӯши мардум ва ба захми дӯстдорони Ватан малҳам шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо тадбирҳои хирадмандона, матонату ҷасорати фавқулода ва зиракии сиёсии худ кишварро аз панҷаи боди фано раҳо кунад ва ғурбатзадаҳоро ба ватан баргардонида, хуршеди сулҳу ваҳдат бо ибтикори ин фарзона фарзанди миллат дар осмони Тоҷикистони азиз нурафшонӣ намуд.

Бо иродаи мустаҳками Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, чандин иншооти азим бунёд гардида, барои бо ҳам пайвастани тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шоҳроҳи Ваҳдат ва барои мустақим баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард, роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудаанд.

Муҳимтарин дастовардҳои кишвар аз фаъолияти фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.

Подоши ин ҳама корномаҳо ва маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ҳамаи ин заҳматҳо ҳамчунин, ҳусни таваҷҷуҳ ба эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мунтазам нисбати сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагарӣ марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Сокинони шарафманди вилояти Хатлон бо арзи шодмонии бекарон пирӯзии мутлақ ва бебаҳси Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаву шодиёна истиқбол намуданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар интихоботи рӯзи 11 октябр бо таҳлил, огоҳона, бо қалбҳои саршор аз муҳаббат ва садоқат ба ҷонибдории фарзанди фарзонаи миллат, чеҳраи гиромӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муътабару арҷманди худ овоз доданд, ки аз миқёси беканори шуҳрату маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Савганди бо аҳду вафои Пешвои муаззами миллат, ки саропо аз хираду фазилат иборат буд, мардуми бофарҳанг ва бонангу номуси вилояти Хатлон онро ҳамчун савганди худ қабул карда, дар партави ҳидоятҳои шоистаи Роҳбари давлат дар самти ба даст овардани комёбиву муваффақиятҳои нав талошу кӯшиш доранд.

Обрӯю эътибори баланди Ҷаноби Олӣ ҳамчун Арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ натанҳо дар миёни халқи Тоҷикистон раднопазир аст, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохтаву эътироф ва арҷгузорӣ мекунад. Аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ Пешвои асри XXI эълон гардидани Роҳбари давлати Тоҷикистон далели возеҳи шахсияти мондагори сатҳи ҷаҳонӣ будани Пешвои миллат аст, ки аз ин мо — тоҷикон ифтихормандем.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофии Пешвои муаззами худ сарҷамъу муттаҳид буданд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат пуштибонӣ мекунанд.

Дар тӯли солҳои Истиқлолияти комил кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақилу демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Хатлон, ки бузургтарин вилояти кишвар ба ҳисоб меравад, бо роҳнамоӣ, дастгирӣ, ташаббус ва ҳидоятҳои рӯзафзуну созандаи Пешвои миллат дар баробари дигар минтақаҳои кишвар ободу назаррабо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамвора баланд гардида истодааст.

Сокинони зарофари вилояти Хатлони бостон дар пайравӣ аз мактаби сарварӣ ва инсондӯстонаи Пешвои миллат бо шукргузорӣ ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат паҳлуи роҳбари худ қарор доранд.

Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ, мактаби ҷасорату матонат буда, ашаддитарин хасмро қоил кардааст, ки баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳим дорад.

Падидаҳои тозае, ки ҷиҳати рушду пешрафт мардумро ҳидоят мекунад, аз назари таърих ва мардум дур намонда, бар он талош меварзанд, ки дар атрофи ин нобиғаи аср муттаҳид шуда, барои боз ҳам ноил шудан ба мақсадҳои ниҳоӣ қадамҳои устувор гузоранд, ки ин аз дурахши ситораи бахти халқи Тоҷикистон дарак медиҳад. Нагузорем, ки дигар қувваи аҳримание ваҳдату ягонагии моро халалдор созад. Бо ин мақсад дар атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошему истиқлолу якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоем. Созандагию бунёдкориро ҳадафи асосии зиндагии худ қарор дода, баҳри пешрафти кишвар, беҳбуди зиндагии мардум ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳми арзандаи худро гузорем.

Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президент ва 28-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бахту иқбол, комёбиву музаффарият, саодату сарбаландӣ, суботи ҷовидона ва ваҳдати абадиро таманно дорам.