Бо ташаббуси маркази таҳсилоти иловагии назди бахши маорифи шаҳри Левакант бахшида ба иди “Меҳргон” рӯзи 17 октябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳр озмуни шаҳрии “Тирамоҳи заррин” гузаронида шуд.
Чуноне ки Марзия Гулакова директори муассисаи мазкур иброз намуд, ин озмун бо мақсади фаъол гардонидани кори маҳфилҳо дар самти омӯзиши табиати диёри азиз, бунёдкорӣ ва ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии кӯдакон, нигоҳубин ва ҳифзи муҳити зист, инкишофи истеъдоди эҷодкории хонандагон, муайян ва дастгирӣ кардани онҳое, ки майл ба фаъолияти тадқиқотӣ ва амалӣ оид ба муҳити зист доранд ва ташаккули тарбия ва маърифати экологии хонандагон ба роҳ монда шуд.
Дар ин рӯз ҳар кадоме аз иштирокчиёни озмун кӯшиш намуданд, ки қадру манзалат ва бузургии ин ҷашни таърихии миллиро бо риояи тамоми шартҳои он иҷро намоянд. Ташкили намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ, намунаи маҳсулотҳои дастранҷи деҳқон, гербарияҳо, рисолаю рефератҳои дар мавзӯи муҳити зист ва аҳамияти тоза нигоҳ доштани он дарак аз омодагии хуби онҳо медод.
Ба хулосаи ҳайати ҳакамон дар озмун литсейи давлатии №1 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 сазовори ҷойи якум, муассисаҳои таълимии №4 ва 14 сазовори ҷойи дуюм ва муассисаҳои таълимии №2,8 ва 13 созовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар байни муассисаҳои томактабии шаҳр ҷойи якумро муассисаи томактабии №1, ҷойи дуюм сазовори муассисаи томактабии №3 ва ҷойи сеюм сазовори муассисаи томактабии №2 дониста шуд.