Бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани иҷтимоии ниёзмандон ва қарори раиси вилояти Хатлон ҳарӯзи шанбе дар вилоят «Рӯзи аёдати ниёзмандон» ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Назарзода Изатулло дар самти иҷрои қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, амалӣ гашта истодаанд. Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо дастгирии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба оилаи Ҳотамов Абдураҳим аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷамоати деҳоти Дашти-Ҷум, деҳаи Шоҳон, ки 5 фарзанди маъюб доранд, 5 аробачаи маъюбӣ таъмин намуданд.
Дар баробари тақдим намудани аробачаи маъюбӣ 7 роҳхат ба фарзандони маъюб ва падару модар барои нигоҳубин ба муассисаи давлатии истироҳатгоҳи табобатии «Бибифотимаи Заҳро» -и ноҳияи Ишкошим барои табобат дода шуд. Ҳамчунин ба ин оила кӯмакҳои яквақтаина аз қабили оруду равған, гӯшт, картошкаю пиёз ва дигар маводҳои ғизоӣ дастрас намуданд.
Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Хатлон дар аввалҳои фаъолияти корияш ба аёдати ин беморон рафта, кӯмакҳои яквақтаина расонид.