Баъди ба фаъолият оғоз намудани фабрикаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саман» дар шаҳри Кӯлоб тухм, ки яке аз маҳсулоти серхаридор маҳсуб мешавад, дар бозорҳои шаҳр фаровон гардида, бо нархҳои арзон пешниҳоди  сокинон мегардад. Агар пештар 30 дона тухм 27-28 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло арзиши то 21-22 сомонӣ поин омадааст.

Соҳибкорони шаҳри Кӯлоб моҳи сентябри соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб” фабрикаи парандапарварӣ ба истифода доданд, ки аллакай маҳсулоти он дар бозору марказҳои савдо пешниҳоди сокинон мегардад.

Тавре соҳибкор Масидиқ Одинаев иттилоъ дод, барои ба истифода супоридани чунин фабрикаи муосир ҶДММ «Саман» давоми панҷ сол мутахассисонро дар дохил ва хориҷи мамлакат омода намуд. Мутахассисони ҷавон баъди анҷоми таҳсил муосиртарин таҷҳизоти соҳаро интихоб ва барои бунёди фабрика ҷойи мувофиқ интихоб намуданд. 90%-и амалиёт дар он тариқи автоматӣ сурат мегирад. Ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва қоидаҳои нигоҳубини паранда қатъиян риоя мегарданд.

Директори фабрика Холмуҳаммад Одинаев афзуд, ки дар навбати аввал дар фабрикаи мазкур қисмати якум ба кор дароварда шудааст, ки дар он 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Аз оғози фаъолияти фабрика 40 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Баъди бо иқтидори пурра фаъол шудани он шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ —  саноатисозии  босуръати мамлакат аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мебарад. Аз ҷумла, барои соҳибкорон  дар  бунёду фаъолгардонии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ  имтиёзҳо муқаррар гардидааст. Ин аст, ки давоми як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо коргоҳу корхонаҳои бузург мавриди истифода қарор гирифтанд.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед: