Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, баланд бардоштани донишу малака, касбомӯзӣ ва ҳидояти ҷавондухтарон ба ҳаёти намунаи ибрат ба воситаи маслиҳату машварати оилаҳои намунавӣ маҳфили «Оилаҳои ибратомӯз»-ро рӯзи 5 июн дар толори Маркази саломатии ноҳия бо оилаҳои Раҳимовҳо, Шариповҳо, Саторовҳо ва зиёда аз 150 нафар иштирокчиён, аз ҷумла занони фаъол, оилаҳои ҷавон, аъзои Шӯрои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, донишҷӯён баргузор намуд. Инчунин маҳфили мазкур дар шаҳри Левакант бо оилаи Исмоиловҳо, Бурҳоновҳо ва Исоевҳо, ноҳияи Вахш бо оилаи Сафаровҳо ва Қосимовҳо, Ҷалолиддини Балхӣ бо оилаи Маҳкамовҳо, Зардовҳо, Ахмедовҳо ва Ҷумаевҳо гузаронида шуд.