Имрӯз, 14 ноябр, дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили адабӣ таҳти унвони “Сафинаи муҳаббат” бо иштироки адиби шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулчеҳра Муҳаммадиева доир гардид.

Дар ин маҳфили адабӣ роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ширкат варзиданд.

Маҳфил аз намоиши китобҳои тазанашр оғоз гардида, шоирону нависандагон, донишҷӯён ва дӯстдорони китоб аз он дидан намуданд.

Дар чорабинии мазкур Ғазалшоҳ Сафарзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева бо баргузории шаби эҷодиаш аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода табрик гуфта, ба ӯ Сипосномаи раиси вилоятро тақдим намуд.

Ҳамчунин нависандагон дар чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон маърӯзаҳо карда, Гулчеҳра Муҳаммадиева ба ҳозирин шеърҳо қироат намуд.

Чорабиниро композитсияи адабии омодасохтаи ҷавонони ҳунарманд идома дода, он дар сатҳи баланд доир гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here