Маҳсулоти ғизоӣ ва кумаки пулии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба маъюби гурӯҳи якум, сокини деҳаи Шакардашти Ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат»-и ноҳияи Панҷ Тағоймурод Бегматов расонида шуд.
Бародари Тағоймурод Бегматови 58-сола имрӯз, 17 апрел, дар қабули шаҳрвандон аз раиси вилоят кумак дархост кард.
Худи ҳамин рӯз намояндагони МИҲД-и вилоят ба аёдати ӯ рафта, кумакпулии раиси вилоятро дастрас намуданд.
Тағоймурод Бегматов барои ҳусни таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ арзи сипос намуд.