Дар ҳақиқат, реҳлати шоир Гулназар, ки тирамоҳи имсол мебоист 75-умин солгарди умрашро таҷлил мекард, барои адабиёти оламшумули тоҷик талафоти бас бузург аст.
Фаъолияти бисёрсолаи меҳнатии ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» «Садои Шарқ», «Пайванд», «Адабиёт ва санъат», «Ваҳдат», инчунин ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат (солҳои 2005-2010) намунаи ибрату омӯзиш буду ҳаст.
Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ», «Гули афшони олуча», «Лоиқе чун Лоиқе», «Қутбии қутби сухан» ва садҳо асару мақолаҳои адабиву публитсистияш, ки паҳлуҳои мухталифи ҳаёту эҷодиёти суханварони маъруфи кишварро мавриди баррасии шоирона қарор додааст ва бо забонҳои хориҷӣ низ тарҷумаву нашр шудааст, то абад дар қалби алоқамандони шеъру адаб боқӣ хоҳад монд.
Дастбадуоем, ки рӯҳу равони Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният устод Гулназар шоду манзили охираташ фирдавси барин бод.
Ёди шоири накуном гиромӣ бод!