Имрӯз, 15 феврал, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ маҷлиси васеи раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Нахуст, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилоят дар соли 2020 ва нақшаҳои барои соли 2021 шунида шуд.
Қайд гардид, ки танҳо дар соли 2020 шумораи аъзои ҳизб дар вилоят 3890 нафар афзуд. Вобаста ба такмили сатҳи донишу ихтисос ва малакаи кормандони ҳизбӣ 996 семинар-машварат баргузор карда шуд.
Соли 2020 бо иштироки бевоситаи раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 бинои маъмурӣ барои кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар ва навоҳии Вахш, Восеъ ва Шамсиддин Шоҳин ифтитоҳ гардид.
Дар ҷаласа инчунин вобаста ба нақшаи чорабиниҳо оид ба талқини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шунида шуд.
— Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар даврае баргузор гардида истодааст, ки мардуми сарбаланди кишварамон зери тааcсуроти неку хотирмон аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 январи соли 2021 баён гардид, қарор доранд, — қайд намуд муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронии худ. — Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми мавзӯъҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдорӣ ва устувории Ватан равшан сохт. Бо дарки баланди масъулият эҳсос менамоем, ки дар ростои татбиқи Паёми Пешвои миллат дар баробари роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва масъулини дигар соҳаҳои муваззафгардида мо — ҳизбиён, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли ҷомеа, новобаста аз синну сол ва касбу кор, бояд дар рушди кишвар ва беҳбудии зиндагиамон саҳми созгор гузорем.
Паёми навбатӣ аз масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеаи кишвар дар соли гузашта оғоз гардида, вазифаҳои мақомоти дахлдор ва мардуми кишвар дар ростои истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушаххас намуд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир ба дастовардҳои солҳои охири кишварамон факту далелҳои мушаххас оварда, изҳор дошт, ки ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи амалӣ шудани Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ба даст омада истодааст, ки самараи Истиқлолият ва натиҷаи сулҳу ваҳдат дар мамлакат мебошад.
— Вобаста ба ин кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд як самти фаъолияти худро ба он равона намоянд, ки ғояҳои сулҳу ваҳдат ҳарчи бештар дар байни мардум таблиғу ташвиқ гардад, — идома дод раиси вилоят Қ. Ҳакимзода. — Дар маркази диққати гурӯҳҳои таблиғотӣ бояд дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистон ва пешрафту комёбиҳои ҷумҳурӣ бошад ва бо ин васила ба мухолифони сиёсии ҳукумат, ки мегӯянд дар тӯли солҳои истиқлолият иқтисоду иҷтимоиёти мо равнақе надоштааст, ҷавоби муносиб диҳанд.
Раиси вилоят аз иқдоми неки Кумитаи иҷроияи вилоят оид ба ташкили аксияҳои ҳизбӣ, ки боиси дастгирӣ мебошад, ёдовар гардид.
Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дар бобати дастгирӣ ва аёдати одамони бемору эҳтиёҷманд, тавзеҳи стипендияҳо ба донишҷӯён ва ташкили хатнатӯйҳо, сангфарш кардани роҳҳо ва таъмири кӯпрукҳо бо дастгирии фаъолон ва соҳибкорон таҷрибаи хубе андӯхтаанд.
— Лозим аст, ки анъанаи мазкурро пайваста идома дода, ҳарчи бештар мардуми ниёзмандро фаро гиранд. Ба василаи чунин корҳои амалӣ обрӯи ҳизб дар ҷомеа баландтар мегардад, — афзуд Қурбон Ҳакимзода.
Раиси вилоят дар охир қайд намуд, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳбарони сатҳҳои гуногун, фаъолони ҳизбӣ, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бояд дар чорабиниҳои ободониву созандагӣ фаъолтар бошанд.
Ҳамин тавр, масъалаҳое, ки ба маҷлис пешниҳод шуда буданд, баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон