Санаи 20 феврали соли 2019 таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, мудири Шӯъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ муҳтарам Ҳабибзода Зоир, раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба баррасии рӯзномаи маҷлис масъалаҳо вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7.02.2019 бармеоянд ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раёсати он мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нахуст, вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ баромад намуда, фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоятро дар давоми соли гузашта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва вазифаҳои минбаъдаро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷиси КИМ ҲХДТ аз 7.02.2019 баён намуд. Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ғаффорзода Давлат ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд. Дар рафти баррасии масъалаи мазкур мудири Шӯъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳабибзода Зоир ва раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон баромад карда, ба фаъолияти ҳизбиёни вилояти Хатлон баҳои баланд доданд ва ҷиҳати пешрафти кори минбаъдаи сохторҳои ҳизбии вилоят як қатор таклифу пешниҳодҳо баён намуданд.

Дар ин замина, “Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7.02.2019” мавриди баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Вобаста ба масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис ба ҳайати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар ин росто Ҳакимзода Қурбон – раиси вилояти Хатлон ва Раҳмон Исломиддин – раиси ноҳияи Данғара ба узвияти Раёсати маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қабул карда шуданд. Зимнан, ба аъзои фаъоли ҳизб Ҷаббори Ғаффор – раиси ноҳияи Кӯшониён, Амиршозода Тоҳир – раиси ноҳияи Мӯъминобод ва Аминзода Фотеҳ – раиси ноҳияи Ҷайҳун барои мусоидат дар таҳкими базаи моддиву техникии сохторҳои ҳизбии ноҳияҳои мазкур Сипосномаи Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад тақдим гардид.

Дар охир, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз автомашинаи хизматӣ тақдим намуд, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳизбӣ харидорӣ шудааст. Вобаста ба ин қайд гардид, ки то охири соли 2019 базаи моддиву техникии ҳизб ба маротиб такмил ёфта, дар ин муддат сохторҳои ҲХДТ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят пурра ба автомашинаи хизматӣ ва биноҳои маъмурӣ таъмин мегарданд. Дар ин ҳошия китобҳои таҳиянамудаи сохтори вилоятии ҲХДТ таҳти унвонҳои “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ” (дар мисоли бунёди НБО “Роғун”), “Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ” ва Хатлон (Роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ) рӯнамоӣ шуда, нусхаҳои китобҳои мазкур ба иштирокчиёни маҷлис тақдим намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here