Дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар маҷлиси Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилоят Зоҳирзода Умед баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардорони муассисаҳои давлатии “Идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ва Кӯлоб” ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, сардорони ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сардорони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ки раиси Комиссияи оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сардорони филиалҳои КВД “Маркази сертификаткунонии кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт”, раёатҳои муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” –и минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб иштирок намуданд.

Дар маҷлис сардорони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят “дар боари фаъолияти шуъба, шуъбача ва гурӯҳҳои Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳу нақлиёт” дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, раисони комиссияҳои ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷ. Балхӣ “оиди фаъолияти комиссияҳои бехатарии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2019 ва пешгирӣ намудани фалокатҳои роҳу нақлиёт” ва роҳбарони раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб оид ба тартибу низом овардани воситаҳои нақлиёти мусофирбару боркаш дар шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд.

Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода Умед доир ба иҷрои нақша-чорабиниҳо ва корҳои ба сомон расонидаи ҷаласаи қаблан баргузоргардидаи комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди вилоят ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар роҳҳои автомобилгард, танзими бонизоми воситаҳои нақлиёт ва пешгирии тамбашавии мошинҳо ибрози андеша намуда, вазъи кунунии роҳҳои вилоят, назорати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, ҳаракати воситаҳои нақлиётии гаронвазн, корҳои сохтмониву таҷдиди роҳҳо дар қаламрави вилоят, ҳамчунин ба роҳ мондани омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ дар муассисаҳои томактабӣ, боғчаву кӯдакистонҳо ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта ва барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Комиссияи вилоятӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дастуру супоришҳо дод.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here