Баъдан, Раиси вилоят аёдати собиқадори меҳнат, Одинаев Рашид, сокини деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамонро ба ҷо овард ва туҳфаҳои таъсиснамударо ба ӯ супурд. Собиқадор ва пири хирад Одинаев Рашид соли 1972 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Фаъолияти корашро аз солҳои 1972 – 1973 ба ҳайси мутахассиси лабораторияи агрохимияи шаҳри Кўлоб оғоз карда, солҳои 1974 – 1976 омўзгори фани химияи мактаби № 17-и ноҳия Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун), солҳои 1976 – 1986 сардори агрономи қитъавии хоҷагии “Правда”- и ноҳия Москва (ҳозира ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), солҳои 1986 – 1988 муовини роҳбари хоҷагии “Правда”- и ноҳия Москва (ҳозира ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), солҳои 1988 – 2013 сарагрономи хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва аз соли 2013 нафақахўр мебошад.
Барои фаъолияти пурсамари меҳнатию ҷамъияташ бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст.
Пири хирад дар солҳои фаъолияташ барои рушди соҳаи кишоварзии ноҳия хидмати арзанда кардааст.