Инчунин, дар ҷараён сафари корӣ Раиси вилоят аз аҳвол ва зисти собиқадори меҳнат ва Шоири халқии Тоҷикистон Муродӣ Алимуҳаммад боздид ба амал овард. Алимуҳаммад Муродӣ соли 1969 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.
Фаъолияти кориро аз солҳои 1971 – 1977 муаллими тайёрии ибтидоии ҳарбии мактаби миёнаи ба номи Ленини ноҳияи Ёвон карда, солҳои 1977 – 1980 аввал мухбир ва баъдтар мудири шуъбаи маданияти рўзномаи ноҳиявии «Коммунисти Ёвон», солҳои 1980 – 1981 редактори рўзномаи ноҳиявии «Коммунисти Ёвон», солҳои 1981 – 1986 мудири шуъбаи маданӣ ва равшаннамоии рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қўрғонтеппа», солҳои 1986 – 1988 аввал мухбири ғайриштатии рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва баъдтар Редактори сарредаксияи барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1988 – 1989 сарредактори барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1989 – 1991 дар кори эҷодӣ, солҳои 1991 – 1994 редактори шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1994 – 2008 фаъолият дар хоҷагии деҳқонии «Баҳтовар»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва аз соли 2008 дар нафақа ва кори эҷодӣ машғул мебошад.
Барои саҳми арзандааш дар рушди назми тоҷик ва эҷоди ашъори воқеии дилрас, тарғиби сулҳу ваҳдат, арзишҳои истиқлол, дастовардҳои миллати тоҷик дар замони соҳибихтиёрӣ, васфи Ватан, ситоиши ахлоқи неки инсонӣ, тарғиби анъанаҳо ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҷодкорони ҷавон дар сатҳи ҷумҳурӣ ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва аз тарафи МИҲД вилоят бо ифтихорномаю сипосномаи Раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шудааст.