Раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баъди аёдати собиқадорони меҳнат ва оғози кишти картошка ва гандум дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар толори маҷлисгоҳи ноҳия қабули шаҳрвандон баргузор карда шуд.
Дар оғоз Раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти корҳои иҷрошуда дар 10 моҳи соли ҷорӣ суханронӣ намуда, фаъолияти баъзе самтҳои кишоварзӣ ва саноатро дар ноҳия қаноатбахш ҳисобид. Инчунин, дар рафти суханронӣ аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти некуаҳволии халқи мамлакат, аз корҳои созандагию ободонӣ, ки дар ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба вуқӯъ омад, ҳарф зад. Аз ҷумла қайд намуд, ки мардуми заҳматкаши ноҳия дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки доимо дар суханрониашон таъкид мекунанд, ин захира кардани хӯрокаи 2 сола, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, якдилонаю самимӣ ва бо масъулият фаъолият кардани ҳар як шаҳрванди вазифаи ба уҳдааш дошта, тарбияи ватандӯстию меҳнатпарастии ҷавонон, тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат, дар мадди аввал бояд гузошт.
Сипас, Раиси вилоят дар вақти қабули шаҳрвандон арзу шикоят ва таклифу пешниҳоди сокинони ноҳияро шунид, ки оид ба масъалаҳои гуногуни кору зиндагӣ муроҷиат карданд. Аз ҷумла, дар бораи дастгирӣ дар самти тоза кардани заҳкашу заҳбурҳои назди хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, таҷдиди хоҷагии ниҳолпарварӣ, дастрас намудани трансформатор, нарасидани оби полезӣ, оби нӯшиданӣ, таъмири пойгоҳи обкашӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, харидории дару тиреза барои мактаби бунёшуда аз тарафи шаҳрвандон, кушодани маркази логистикӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳо арз намуданд.
Раиси вилоят ҳар як сухани муроҷиаткунандро шунида, ба масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод ва оид ба рафти иҷроиши онҳо роҳбарони кумита ва муассисаҳои дахлдорро барои назорати ҷиддӣ бурдан дар ин самт, муваззаф намуд.
Баъдан, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 10 моҳи соли равон ва нақшаҳои оянда ҳисоботи мухтасар ироа кард.
Дар ҷамъбаст Раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода оид ба проблемаҳои мавҷуда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии ноҳия, ба шахсони дахлдор барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.