Дастгирии шахсони маъюбу танҳо ва беҳтар сохтани шароити зисту зиндагии онҳо ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қарор дорад.

Дар доираи чунин чораҷӯиҳо бахшида ба иди маъюбон ва пиронсолон ба 8 нафар шахсони маъюб аробачаҳои маъюбӣ ва ба 15 нафар асобағал, ки аз корхонаи давлатии Протезию ортопедии шаҳри Дешанбе дастрас гардидааст, тақдим карда шуданд.

Н.Кабиров, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ иброз намуданд, ки аз аввали соли ҷорӣ ба 13 нафар маъюбони гурӯҳи як аробачаҳо ва ба 35 нафар ҳоҷатмандони дигар асою асобағалҳои маъюбӣ дастрас гардонида шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here