Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар деҳаи «Вахш» -и ин ҷамоат намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

 Сокинони деҳа бо як сарфарозӣ маҳсули дастони аз гузаштагони хеш боқимондаро ба маърази тамошо гузошта, ҳамзамон бо пешниҳоди намудҳои гуногуни маҳсулоти дӯзандагию бофандагӣ, қуроқдӯзию гулдӯзӣ ва анвои мухталифи қаннодӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳунарҳои андӯхтаи худро намоиш доданд.

 Б. Мусоева мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳор дошт, ки дар чорабиниҳо занҳои обрӯманду рӯзгордида ба ҷавонон аз боби оиладорӣ, омода сохтани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, иззату ҳурмати калонсолон ва ҳоказо сухан гуфта, аҳли нишастро барои бо таълиму тарбияи хуб фаро гирифтани фарзандонашон даъват намуданд.

 Чунин чорабиниҳо бо мақсади ҷалб сохтани ҷавондухтарон ба ҳунармандию ҳунаромӯзӣ, ба онҳо фаҳмондани маърифати оиладорӣ ва ба ин восита пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳо роҳандозӣ шуда истодааст,-илова намуд Б. Мусоева.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here