Рӯзи 2 август дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифта, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷафар, вакил аз ҳавзаи интихоботии №34 Сармисоқова Хайринисо ва кормандони ҲХДТ дар шаҳр иштирок доштанд.

 Онҳо вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, ба ҳунармандию илмомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, аз ҳам ҷудошавии оилаҳо ва ҳоказо сухан гуфта, аҳолиро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуданд.

 Дар охири чорабинӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант фаъолонеро, ки барои дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб саҳми арзанда гузоштанд бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here