Рӯзи 26 декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тамоми шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ пахш гардид, омӯзгорону хонандагони тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр мустақиман тамошо карданд.
Зимни ироаи Паёми имсола низ Сарвари давлат ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, қайд намуданд, ки «Устувор гардонидани пояи модди техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодию техникӣ вазифаи муҳимтарни соҳаи илму маориф мебошад. Аз ин рӯ мо ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем. Мо пеш аз ҳама ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои томактабиро ба маротиба зиёд намоем, то ба рушди кобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварем. Дар доираи Барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаҳои таълимии томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Бо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилот минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем».
Вазорати маориф ва илм, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ назоратро ба сатҳи сифтаи таълим пурзур намоянд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз якчанд муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми шаритҳояш сохта ба истифода дода мешаванд.
Таъкид карда шуд, ки дар соҳаи маориф 2 проблемаи ҷиддӣ ҷой дорад:
-якум норасогии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ;
-дуюм паст будани сатҳи сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим бояд омӯзгор сатҳи баланди касбият дошта бошад. Илова бар ин дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се сол як маротииба аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рушди иқтисод ва савдоро вазифадор намуданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 Барномаи нави такмили таълими омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Инчунин бори дигар хотиррасон намуданд, ки мо ин корҳоро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсияи ҷаҳонбинии наврасон, ҷавонони кишвар мекунем, на бо дигар мақсад. Барои ояндаи Тоҷикистон, ҳадафи мову Шумо он аст, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон, миллат босавод ва сатҳи маърифатнокии фарзандони баланд бошад.
Мо кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва омӯзгорон дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, тамоми қувваю кӯшишашонро ба он равона менамоянд, ки аз усулҳои фаъоли таълим, муносибати босалоҳият ба таълим истифода бурда, сифат ва сатҳи дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, саҳми худро баҳри гул — гул шукуфии Ватани азизамон мегузорем.
Мирзоев А., нозири бахши маорифи шаҳр