Рӯзи 26 октябри соли ҷори дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чуноне, ки Фатҳиддин Холбоев-мудири кабинети методии бахши маорифи шаҳр иттилоъ дод мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин дарёфт ва ошкор намудани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор ва қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа;
Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст омӯзгори фанни забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Сайдалиева Шаҳодат сазовори ҷойи якум, Фозилова Сумангул омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилои миёнаи умуми №14 созовори ҷойи дуюм ва Бобоҷонова Фарзона омӯзгори фанни биологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 сазовори ҷойи сеюм гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.