Дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрии раиси шаҳр бо сокинон ва соҳибкорони маҳалии ин Ҷамоат доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ раиси шаҳр, Самизода Санавбар дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, ноил гардидани мардуми кишвар ба зиндагии шоиста ва ҳамчунин хатари гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷомеаи инсонӣ, пешгирии ҷавонони тоҷик аз шомил шудан ба чунин ҳаракату созмонҳо ва ташкилоту гурӯҳҳои тундгаро ҳарф зад.
Аз ҷумла ӯ доир ба таъсири нек расонидани Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ изҳор дошт, ки ҷумҳурии мо дар чанд даҳсолаи охир исбот намуд, ки мушкилоти мардуми тамоми сайёра барои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он беаҳамият нест. Аз қабили ташаббусҳои созанда ва башардӯстонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ чор маротиба пешниҳод намудани барномаҳои махсус, ки ҳадафашон гиромидошт ва ҳифзи сарватҳои обӣ баҳри таъмин намудани мардуми минтақа ва тамоми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ буд, мебошад.
Мавсуф ҳамчунин барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкориро таъкид намуда, гуфт, ки имрӯз замоне фаро расидааст, ки дигар шароити хубу мусоидро на танҳо барои сокинони шаҳр, балки дар ҳар як деҳаю маҳаллаҳо фароҳам биорем. Ба ин васила метавонем ҳам боварии мардумро ба ояндаи боз ҳам дурахшони меҳан бештар гардонем ва теъдоди муайяни сокинонро бо ҷойҳои кории доимиву муваққатӣ таъмин намоем. Ин тадбирҳо боис ба он мегарданд, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар аз дирӯзу имрӯз гардад ва тамоми мардуми кишвар ба меҳнатдӯстию ободкориҳо майлу рағбати бештар пайдо намоянд.
Дар ин баробар раиси шаҳр доир ба масъалаи то кунун мавҷуд будани хатари экстремизм ва терроризм дар ҷомеаи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, қайд намуд, ки масъалаи аз байн бурдан ва решакан намудани экстремизм ва терроризм имрӯз афроди бономус ва ватандӯсти кишварро водор ба он месозад, ки дар ин самт бетарафиро ихтиёр нанамоянд ва дар баробари мақомоти масъул бо ин падидаи харобиовари аср муборизаи беамон баранд.
Дар роҳи дуруст ва дар рӯҳияи инсондӯстию ватандӯстӣ тарбият намудани насли наврасу ҷавони ҷомеа аз василаҳои беҳтарин мубориза бо ин падидаи ҳузнангез мебошад. Аз он ҷойе, ки аксарияти фиребхӯрдагони гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонон ва иддае наврасон низ мебошанд, бояд назорати наку аз болои ин қишри ҷомеа, ки хеле осебпазиранд, аз ҷониби волидон, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоту идораҳо ва ташкилот муассисаҳои масъул беҳтар карда шавад,-гуфт С. Самизода.
Раиси шаҳр инчунин вобаста ба рафти корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншооти ҷашнӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, пурсиш ба амал оварда, ба масъулини ҷамоати деҳоти «Гулистон» барои дастгирӣ намудани соҳибкорони маҳаллӣ ва мусоидат намудан ба вусъати корҳо дар ин самт супоришҳои қатъӣ дод.