Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант рӯзи 19 июл дар литсейи касбӣ саноати кимиёии шаҳр дар мавзӯи “Оила сарпаноҳи бебадал” мизи мудаввар доир гардид.
Дар ин мизи гирд беш аз 30 нафар занону духтарони касбу кори гуногун, бонувони соҳибмаърифату ботаҷриба, раисони маҳаллаҳо ва намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуда, сабабу омилҳои ҷудошавии оилаҳо ва дарёфти роҳу воситаҳои пешгирии аз ҳам пошхӯрии оилаҳоро мавриди таҳлил қарор доданд. Қайд гардид, ки тамоюли болоравӣ касб кардани ин амали номатлуб воқеан боиси нигаронист, зеро ин раванд метавонад солимии ҷомеаи шаҳрвандиро халалпазир гардонад.
Бахши кор занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки чунин чорабиниҳоро дар тамоми деҳа ва маҳаллаҳо доир намуда, ба он бештар сокинони маҳаллиро ҷалб намоянд. Ҳамчунин бо иштироки оилаҳои собиқадору барӯманди шаҳр баргузории якчанд маҳфилу барномаҳои фарҳангӣ, ки аз аввали сол доир шуда истодаанд, дар тамоми маҳаллаҳои аҳолинишин ба нақша гирифта шудааст иттилоъ дод, мудири бахши мазкур Б. Мусоева.