Тибқи низомнома ва ҷадвали тартибдодаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҳфили навбатии «Оилаи ибратомӯз» дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки як қатор оилаҳои обрӯманди деҳа ва муҳассилини синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

 Ба гуфти Б. Мусоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мақсад аз баргузор намудани чунин маҳфилҳо баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пойдории оила, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақил мебошад.

  Дар рафти суҳбат вобаста ба руҳияи якдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, эҳтироми калонсолон, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, ташхиси ҳатмии пешазникоҳии издивоҷкунандагон, гузаштан аз қайди никоҳи расмӣ ва ҳоказо мавриди баррасии умум қарор гирифт.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here