Рӯзи 24 август бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори ЛКСК –и шаҳр дар мавзӯи «Истиқлолият-кафили сулҳу ваҳдат» мизи мудаввар доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳр ва омӯзгорону касбомӯзони ин муассиса иштирок намуданд.
Аҳли нишаст аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ба маротибҳо баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии халқ ва сол то сол амалӣ шуда истодани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, , изҳор доштанд, ки Истиқлолият беҳтарин дастоварди миллат аст ва пойдору устувор нигоҳ доштани он дар чунин давраи ноороми сиёсии ҷаҳон аз ҳар яки мо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб дорад.