Коргоҳи дӯзандагии назди ҶДММ «Субҳи Сарбанд», сехҳои дӯзандагии «Мадина», «Мунис», «Ҳалима» ва маркази адрасбофии «Шоҳзамон»-и шаҳр бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дӯхти сару либосҳои мактабӣ мувофиқи нақша 6637 адад шартнома баста, либосҳои мактабиро дар ҳудуди шаҳр дӯхта истодаанд.
То имрӯз зиёда аз 40 ҳазор пешпардохт гардида, 30% сару либос дӯхта шуд.
Масъулини сехҳои дӯзандагӣ тасмим гирифтаанд, ки дар ду баст фаъолият намуда то 15 август дӯхти сару либоси мактабиро пурра таъмин намоянд.