Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо рафти корҳои таъмирӣ дар Литсейи касбии саноатӣ-кимиёии шаҳри Левакант шинос шуд. Айни ҳол 160 нафар сохтмончиён ба азнавсозии пурраи биноҳои таълимӣ, толорҳо, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон машғул мебошанд. Дар ин баробар сарсабзгардонии атрофи биноҳо бо тарҳу намои наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин баробар раиси вилояти Хатлон ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Корхонаи хиштбарорӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми навсохт дидан намуда, ба иҷрогарони лоиҳаҳо дастур дода шуд, корҳои сохтмониро босифат анҷом диҳанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон