Дастаи футболи “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон баъд аз анҷоми даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон бо 34 имтиёз дар зинаи якуми ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дастаи «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён, ки 32 имтиёз аз 13 бозӣ дорад, ба ҷойи дуюм баромад.

Тимҳои «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо 23 имтиёз дар мақоми сеюм ва «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо 20 имтиёз дар ҷойҳои чаҳорум ва панҷуми мусобиқоти имсола қарор гирифтаанд.

«Хуросон»-и ноҳияи Хуросон бо 12 имтиёз 10-ум, «Сарбанд»-и шаҳри Левакант бо 10 имтиёз 11-ум ва ниҳоят “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод, ки ҳамагӣ 1 имтиёз дорад, мисли пешин дар мақоми 12-уми ҷадвал аст.

Дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон нишонзанҳои беҳтарин — Ҳалимов Бахтовар («Моҳир») — 17 гол, Исматуллои Шариф («Сарҳадчӣ») — 15 гол, Саймуртазоев Саймуҳиддин («Вахши Зарнисор», «Кӯшон») — 13 гол ва Зоиров Аҳлиддин («Арал») — 13 гол мебошанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here