Рӯзи 11 январи соли равон маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён баргузор гардид. Инчунин, дар кори макҷлис роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

  То оғози маҷлис Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ” роҳандозӣ шуда, миёни аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ армуғонҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.

    Дар рафти маҷлис аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2018 натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳои дигар вобаста ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018, тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб барои соли 2019 ва дигар масъалаҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.

    Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада. Оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб дар соли 2018 дар назди ҳозирин ҳисобот  дод. Мафсуф вобаста ба ҳадафҳои аслии ҳизб аз ҷумла, пойдории сулҳу субот, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастоварҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози ақида намуданд.

    Дар қисмати музоракиравӣ котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” —  Шоинов Ҳасан, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” – Ҳотам Раҷабӣ Асозода, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатии шаҳрии №2” – Шамсиддинов Сироҷиддин ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёниён” (МТМУ №53) Имаралиева Наргис суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

   Инчунин, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин фаъолияти Кумитаи иҷроияро назаррас унвон намуда, қайд кард, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташаккули макураи сиёсӣ, иҷтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа корҳои тарғиботиро ба таври фарогир ба роҳ монда, аз он хатарҳое, ки ба амният ва солимии мамлакати мо таъдид мекунанд, огоҳ месозанд.

   Ҳамзамон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо роҳи аз ҳама асосии пешгиркунанда ҷиҳати паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ унвон намуданд. Дар ин баробари барои фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои соли 2018 изҳори миннатдорӣ намуданд.

   Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба шахсони фаъоле, ки дар соли 218 барои саҳми назаррас гузоштан дар амали гаштани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҳизбии вилояти Хатлон бо Ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрӣ ва вилояти Хатлон ва барои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб як ада компютер бо тамоми таҷҳизоти кориаш тақдим карда шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here