Бо мақсади дастгирӣ кардани табибоне, ки шабонарӯзӣ ба табобати беморон машғул ҳастанд, 8-уми майи соли равон аз тарафи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб, ҷамъ ба 117 нафар табибон маводҳои озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка ва пиёз расонида шуд.
Анварбӣ Сафарова, муовини сартабиби беморхонаи марказии Кӯлоб оид ба корҳои табобатӣ, миннатдории худ ва ҳамкоронашро ба Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода барои ғамхориҳои пайвастаашон изҳор доштанд.

Имрӯз Роҳбари давлат низ дар паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба ҳар як табибе, ки дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодааст, сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Пешвои миллат ҳамчунин изҳори итминон намуданд, ки онҳо минбаъд низ ба савганди касбии худ содиқ мемонанд ва ба халқи Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбирандешӣ намоянд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон